18 Октябр 2026 - 11:25
Source: ABNA
Ҷанги Яман танҳо бо гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ ба анҷом мерасад

Коршиноси масъалаҳои Осиёи Ғарбӣ гуфт: «Анҷоми ин ҷанги нобаробар тақозои эҳтиром ба истиқлоли Яман, қатъ шудани таҷовузҳо ва фароҳам овардани заминаи гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ мекунад».

Сайидризо Садрулҳусайнӣ дар мусоҳиба, бо ишора ба идомаи ҷанги Яман ва ҳамлаҳои эътилофи таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ, изҳор дошт: «Баъди солҳои ҷанги пайваста дар Яман, чанд моҳ пеш ва дар пайи бомбаборони шадиди банди фурудгоҳи Сано, ҳукумати мустақар дар Сано тасмим гирифт дар вокуниш ба муҳосира ва амалҳои низомии эътилофи таҳти роҳбарии Арабистони Саудӣ амалиёти низомии назаррасе анҷом диҳад».

Коршиноси масъалаҳои Осиёи Ғарбӣ афзуд: «Ҳукумати Сано аз он вақт то ҳол, дар айни таъкид бар он ки тамомили идомаи ҷангро надорад, омодагии худро барои дифоъ аз истиқлоли Яман ва иштирок дар гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ эълон кардааст. Ҳамзамон, артиши Яман низ амалҳоеро бо ҳадафи ақиб ронданӣ нерӯҳои таҷовузгар ва ҳадаф қарор додани марказҳои стратегии Арабистони Саудӣ анҷом додааст».

Садрулҳусайнӣ бо ишора ба оқибатҳои ин амалҳои низомӣ гуфт: «Ҳамлаҳои анҷомдода ба фаъолияти баъзе фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла фурудгоҳи Риёз, инчунин таъсисот ва лоиҳаҳои нафтии Арамко дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар таъсир расонда ва ба коҳиши содироти нафти Арабистони Саудӣ оварда расонидааст».

Вай бо таъкид бар аҳамияти нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳаввулоти минтақа тасреҳ кард: «Бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи Эрон дар минтақа ва равобити ин кишвар бо ҳукумати наҷоти миллии Яман, зарур аст кишварҳои минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва ҳукумати наҷоти миллии Яман, аз зарфиятҳои дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақа баҳра гиранд».

Ин коршиноси масъалаҳои Осиёи Ғарбӣ идома дод: «Ҷумҳурии Исломии Эрон бо равиши сулҳҷӯёна ва инсондӯстона ва бо таъкид бар истиқлоли кишварҳои минтақа, кӯшиш кардааст тавассути тамосҳои дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ заминаи таваҷҷуҳ ба истиқлоли Яман ва оғози гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣро фароҳам оварад».

Вай қайд кард: «Ин кӯшишҳои дипломатӣ ҳанӯз идома доранд, аммо сарфи назар аз коҳиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, муноқишаҳои низомӣ дар Яман ҳанӯз ба таври комил ба анҷом нарасидаанд».

Садрулҳусайнӣ дар поён таъкид кард: «Ҳамон тавре ки ҳукумат ва артиши Яман низ эълон кардаанд, анҷоми ҷанги нобаробари эътилофи таҳти роҳбарии Арабистон алайҳи мардуми Яман ба эҳтиром ба истиқлоли ин кишвар, фароҳам овардани заминаи гуфтугӯҳои яманӣ-яманӣ ва пайгирии роҳҳалҳои дипломатӣ вобаста аст».

Your Comment

You are replying to: .
captcha